ТАЪМИРУ БАРҚАРОРКУНИИ ПУЛ БО ҶАЛБИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҶАМЪИЯТ - ДЕҲҚОН"

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 31 «Таъмиру барқароркунии пулҳо (купрӯкҳо) ва кашонидани қубурҳои обгузар (обёрикунӣ) бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон»-и Нақшаи корӣ-2023 санаи 11.03.2023 сол бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият деҳқон” Рақибов Киромиддин ва иқдоми пешгирифтаи саховатмандон ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият деҳқон” бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру барқароркунии пул (купрӯк) барои истиқоматкунандагони деҳа бо семент ва қуму шағал таъмири капиталии купрӯк бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият деҳқон” ташкил ва таъмир карда шуд.