ТАЪМИРИ БОЛОПӮШИ СИНФХОНАҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи корӣ-2023 «Ташвиқ ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №25 Сайдалиева Мунира) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус  таъмири болопӯши синфхонаҳо ба нақша гирифта шуда, корҳо идома доранд.

Инчунин, бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №25 Сайдалиева Мунира) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, саховатмандон ва соҳибкорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус азнавсозии иншооти гигиенӣ - ҳоҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.