ТАЪМИРИ РОҲҲОИ ҲУДУДИ ДЕҲА БО ҶАЛБИ АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲИЗБИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАМЪИЯТ-ДЕҲҚОН”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 29 (Сангфаршкунии роҳҳои байни деҳот бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон)-и нақшаи корӣ - 2023 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус санаи 4 марти соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-деҳқон” Рақибов Киромиддин ва иқдоми пешгирифтаи ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-деҳқон” бахшида ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири роҳҳои ҳудуди деҳаи Ҷамъият-деҳқон ва кўчаҳои он, барои истиқоматкунандагон ва сокинони деҳа бо қуму шағал дар масофаи 1,6 км таъмири роҳ бо ҷалби ҷавонон, саховатмандон ва аъзои фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Ҷамъият-деҳқон” дар сатҳи хуб ташкил ва сангфарш карда шуд.