САМАРАНОК ИСТИФОДА НАМУДАНИ ЗАМИНҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус санаи 1.03.2023 сол дар хоҷагии ёрирасони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар майдони 0,5 га картошка кишт карда шуд. Инчунин, масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак  Садриддинов дар деҳаҳои Лолазор - 1,2,3,4 вобаста гардида, бо роҳбар ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ суҳбат доир намуда, оид ба истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, кишти такрорӣ аз ҷумла кишти ғалладонагиҳо, захира намудани хўрока, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандўстӣ ва пешгирии ифротгароӣ ва фаҳмонидани вазъи мураккаби ҷаҳон, инчунин вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.