ЗАН Ё МОДАР - САРЧАШМАИ ҲАЁТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 7 марти соли 2023 аз ҷониби масулини КИ ҲХДТ дар ноҳия, дар ташкилотҳои ибтидоии “Кўмаки иҷтимоӣ” ва “Маорифчиён” дар муассисаи то мактабии №1-и ноҳия бахшида ба “Рӯзи Модар” вохури бо иштироки роҳбар, муовин кормандон ва мурабияҳо баргузор гардид. Дар рафти вохури масулони КИ ҲХДТ дар ноҳия, баромад намуда фаъол-занони ҳизбии ташкилотҳои ибтидоиро бо “Рӯзи Модар” табрику таҳният намуда, ҳамзамон онҳоро бо ифтихорномаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия ва бо гулу варақаҳои табрикотии ҳизбӣ таҳти унвони “Рўзи Модар - Модари ҷонам” қадрдони намуданд. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби роҳбар ва маъмуриятии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ду нафар бонувон-кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритусро, низ бо “Рӯзи Модар” табрику таҳният намуда, бо туҳфаи хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.