ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ - ИФТИХОРИ МИЛЛАТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” санаи 22 феврали соли 2023 аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” Нораков С. ба афсарону аскарони қисми ҳарбии 0305 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус зиёфати дастархони идона ба муносибати ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Рўзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Инчунин, бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус” чорабинии фарҳангӣ (базми консертӣ) бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид.