ТОЗА КАРДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ДЕҲА ВА ҶУЙБОРҲОИ ОБГУЗАР, ТАҲТИ УНВОНИ “ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18.02.2023 шанбегӣ ҳашари сарҷамъона дар якҷояги бо иштироки аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ Хокак, Қумшох Меҳргон, ва Б.Қарабоев (Ҷамоати деҳоти Х.Холматов), аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, барои тоза кардани гирду атрофи деҳа ва ҷуйборҳои обгузар, таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост”дар сатҳи баланд баргузор гардид. Инчунин дар шанбегӣ ҳашари сарҷамъона аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, барои саҳмгузори ба ободонию кабудизоркунии гирду атрофи деҳа, таҳти унвони «Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард», 140 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва 160 бех гулҳои ороиши шинонида шуд.