ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ТАҲТИ УНВОНИ «ВАТАН, ҲАР ГЎШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» санаи 18 феврали соли 2023 бо ташаббуси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳмгузорӣ дар ободонию кабудизоркунии муассисаҳо таҳти унвони «Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард!» шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуда, гирду атрофи муассиса тоза карда шуда, дар ҳавлии муассисаи мазкур ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шуд.