ТАЪМИРУ БАРҚАРОРКУНИИ ПУЛ БО ТАШАББУСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҚУМШОХ”

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 31 «Таъмиру барқароркунии пулҳо (купрӯкҳо) ва кашонидани қубурҳои обгузар (обёрикунӣ) бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ва саховатмандон»-и Нақшаи корӣ-2023 санаи 16.02.2023 сол бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии “Қумшох” Ҷурақулов Шоҳюнус ва иқдоми пешгирифтаи саховатмандони ташкилоти ибтидоии “Қумшох” бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру барқароркунии пул (купрӯк) барои истиқоматкунандагони деҳа бо семент ва қуму шағал дар масоҳати 10,4 м2 таъмири капиталии купрӯк бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Қумшох” ташкил ва таъмир карда шуд.