ОБ - САРЧАШМАИ ҲАЁТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии "Сайёд" , санаи 11 феврали 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии "Сайёд" Эшматов Билол ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъол, муҳоҷирони меҳнатӣ ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии "Сайёд", бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сокинон ва одамони роҳгузар дар даромадгоҳи деҳаи Сайёд, оби ошомиданӣ бо воситаи нуқтаи оббарорӣ (качай) ба истифода дода шуд.