ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ИН БОИСИ ИФТИХОРУ САРБАЛАНДИСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус, санаи 3 феврали соли 2023 дар саҳни ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов, озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” бахшида ба 30-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои 9-10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов бо иштироки бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, шуъбаи маорифи ноҳия ва омузгорони ибтидои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳудуди ҷамоат баргузор гардид. Дар баргузории чорабинии мазкур оиди аз худ намудани “Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ” дар байни хонандагони синфҳои болоӣ, тайёри онҳо ба дифои Ватан, шуурнокӣ, бародарӣ, дўстӣ, ҷасорат, зиракӣ ва тобоварӣ байни хонандагони синфҳои 9-10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов озмун гузаронида шуд.