ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4.02.2023 шанбегӣ, ҳашари сарҷамъона дар якҷоягӣ бо иштироки аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоии "Сохтори госпиталӣ" ва "Маркази саломатӣ", аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва волонтёрҳо-аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” барои тоза кардани гулгашти гирду атрофи корхона, муассиса ва маркази ноҳия таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” дар сатҳи баланд баргузор гардид.