ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи фаврии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон №1/2-6 аз 02.02.2023 “Ободии диёр мароми мост”, санаи 4.02.2023 шанбегӣ ҳашари сарҷамъона дар якҷоягӣ бо иштироки аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ва волонтёрҳо-аъзоёни фаъоли ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” барои тоза кардани гулгашти гирду атрофи корхона, муассиса ва маркази ноҳия таҳти унвони “Ободии диёр мароми мост!” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Инчунин, аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ 450 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва 1880 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуд.