ТАЪМИРУ ВА ТАҶҲИЗОНИДАНИ СИНФХОНАҲО БО ҶАЛБИ ХАТМКАРДАГОН.

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 28-и нақшаи кори-2022 «Ташвиқ ва баргузории амалиёти "Мактаби ман!" ва таъмиру сохтмон ва таҷҳизонидани мактабу боғчаҳо бо ҷалби хатмкардагон ва дигар фаъолон, инчунин дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои маҳаллаву деҳот ва ассотсиатсияи падару модарон» бо ташабуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №25 Сайдалиева Мунира) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов, шинонидани тирезаҳои пластикӣ ба синфхонаҳо бо маром идома дорад. Инчунин бо ташабуси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» (сарвари МТМУ №25 Сайдалиева Мунира) ва аз ҷониби кумитаи падару модарон, саховатмандон ва соҳибкорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати деҳоти ба номи Т.Садриддинов аз навсозии иншооти гигенӣ - ҳоҷҷатхона ва ҷойҳои дастшӯӣ бо усули дренажӣ ба нақша гирифта шудааст.