ОБОДОНИЮ КАБУДИЗОРКУНӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАТАН, ҲАР ГЎШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 28 январи соли 2023 бо ташабуси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Тураева М. ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъолиташкилоти ибтидоии «Маорифчиён», бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳмгузори ба ободонию кабудизоркунии кучаву маҳаллаҳо, таҳти унвони «Ватан, ҳар гўшаатро сарсабз хоҳем кард» шанбегии дастҷамъона ташкил карда шуда, гирду атрофии муассиса тоза карда шуда дар қисмати роҳрав 150 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва 480 бех гулҳои ороиши шинонида шуд.