ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО ЗЕРИ УНВОНИ «РЎЗИ ЁДОВАРӢ»,

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», санаи 29.01.2023 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, баргузор карда шуд. Аз он ҷумла: - дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров деҳаи Ҷамъият-деҳқон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ҷамъият-деҳқон ва Хушодӣ дар майдони 1,6 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, шинонидани 140 дона дарахтони ҳамешасабз баргузор гашт. - дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов деҳаи Чуянчи амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Чуянчи ва Баҳористо дар майдони 1,4 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, шинонидани 120 дона дарахтони ҳамешасабз баргузор гашт.