БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №34- и НОҲИЯИ ШАҲРИТУС !

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №34 - и ноҳия Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маърӯза намуда, баромад карданд.