«РЎЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР МАҲАЛ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

25 декабри соли равон  бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус   оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, амалиёти муштараки "Рӯзи ёдоварӣ"  баргузор карда шуд.

Чунин амалиёти муштарак  дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ.Назаров дар деҳаи ҷамъият-деҳқон бо иштироки  аъзои фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ҷамъият-деҳқон ва Хушодӣ дар майдони 1,4 га корҳои ободонӣ, аз  ҷумла сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алафҳои  худрӯуй,  шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон тоза карда шуданд.

Ҳамчунин  дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов дар деҳаи Лочин Нуров амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», гузаронида шуда,  дар як қатор корҳои ободонӣ сокинон саҳми назарраси хешро гузоштанд.