ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

22 декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус, чорабинии идона бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ- 2023 дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус Шарофзода Ҳомидҷон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус Чиллаев Лутфулло баромад намуда, ҳамаи афсарону сарбозони қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритусро бо фарорасии Соли нави мелодӣ- 2023 табрик намуданд. Бояд қайд намуд, ки бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ва дастгирии  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритус Чиллаев Лутфулло ба афсарону аскарони қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус,  дарсторхони идона ороста шуд.