ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ МИЁНИ ҶАВОНОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

13декабри соли 2022 дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус”–и ноҳияи Шаҳритус бо иштироки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, раис ва кормандони ҷамоат, директорони муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ҷамоат, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, имомхатибони масҷиди панҷвақта вохӯрӣ  доир гардид.

Дар баргузории вохўрӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия,оид ба  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ 30 ноябри соли 2022, оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан хизмат мекунанд ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар арафаи соли нави мелодии 2023, тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд.