КОРҲОИ ФАҲМОНИДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ОМОДА ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ МАЪРАКАИ СУПОРИДАНИ ҲАҚҚИ АЪЗОГӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22.11.2022 дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус, бо иштироки масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар якҷоягӣ бо сарварон ва муҳосибони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати омода ва баргузор намудани маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ доир гардид. Аз ҷониби масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ҷадвали хонапури кардани он ва бо ин восита, муайян намудани шумораи дақиқи аъзои ҳизб, саривақт супоридани ҳаққи аъзогӣ, ба роҳ мондани мавҷудияти ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявӣ», ҳамзамон барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаҳмонида дода шуд.