ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27.11.2022 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, барои ташкил намудани ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, баргузор карда шуд. Аз он ҷумла: - дар ҷамоати деҳоти Обшорон деҳаи Ватан амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Ватан, Обшорон ва Бинокор дар майдони 1,6 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон баргузор гашт, - дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов деҳаи Сайёд амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ», аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Сайёд ва Навобод дар майдони 1,4 га корҳои ободони, аз он ҷумла: сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон дар сатҳи баланд баргузор гашт.