СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

16 ноябри соли ҷорӣ  дар  шуъбаи маорифи ноҳия, бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар якҷоягӣ бо мудири шуъбаи маорифи ноҳия, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия, семинар-машварати дастурдиҳӣ, ҷиҳати омода ва баргузор намудани маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  доир гардид.

Бояд қайд кард, ки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус баромад намуда қайд карданд, ки дар доираи баргузории маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва бо ин восита, муайян намудани шумораи дақиқи аъзои ҳизб, саривақт супоридани ҳаққи аъзогӣ, ба роҳ мондани мавҷудияти ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ Низомнома «Дар бораи фаъолияти молиявӣ», ҳамзамон барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.

Инчунин, аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ба сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия ҷадвали супоридани ҳаққи узвият дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастрас карда шуд.