ВУСЪАТИ ОБОДКОРИҲО ДАР ДЕҲОТ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” Лоиқов Ф дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Якҷоя месозем!"  бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳрави  деҳаи Баҳористон, ки ба таъмиру тармим ниёз дошт,  бо ҷалби аъзои ташкилоти ибтидоии  мазкур аз нав таъмир карда шуд. Ин иқдоми некро сокинон бо руҳбаландии бепоён пазируфта, миннатдории хешро  ба  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза дошта, мардуми заҳматкаш  тасмим гирифтаанд, ки санаҳои муҳими таърихии дарпешистодаро  бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.