САЁҲАТИ ПЕШСАФОНИ ҲХДТ БА ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

12 ноябри соли ҷорӣ  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон тибқи рейтинги ҳизбӣ пешсафону  фаъолони ҳизбӣ,  аз  ҷумла  кормандон ва вакилони ҳизбӣ  аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба саёҳат ба шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд. Зимни боздид  пешсафону фаъолон   аз Кохи Наврӯз, Маҷмааи Истиқлол  ва манзараҳои зебои шаҳри  Душанбе дидан намуданд. Мавриди зик аст, ки воқеан имрӯз таҳти сиёсати ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон  ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба як  шаҳри дилоро ва пешрафта табдил ёфта, кас аз тамошои  манзараҳои дилфиреби табиат ва қомат афрохтани иншоотҳои хурду бузурги таъиноташ гуногун  ҳаловат мебарад.