КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 5 ноябри соли 2022  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  "Тозагӣ гарави саломатӣ"  дар ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ доир карда шуд. 

Чунин Аксияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии "Шуъбаи маориф" роҳандозӣ гардида, дар он аъзои ташкилоти ибтидоӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар корҳои ободонӣ  омӯзгорону хонандагон дастҷамъона  гирду атрофи кӯчаи марказии ба номи Исмоили Сомониро   аз баргу  хазонреза ва  партовҳо тоза карда, дар тозагии муҳити зист саҳми арзандаи худро гузоштанд.