СОАТИ СИЁСӢ ТИБҚИ НАҚШАИ МУШТАРАК

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон, ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус бо иштироки омузгорон ва собиқадорон миёни наврасон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои “Нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” гузаронида шуд.