ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА ОИД БА ТОЗА НАМУДАНИ ДОХИЛ ВА АТРОФИ ҚАБРИСТОНҲО

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 30.10.2022 сол аз ҷониби масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ҳашари дастаҷамъона оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо дар як қатор деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор карда шуд. Аз он ҷумла, дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов, деҳаи Меҳргон амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ» аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Меҳргон ва Ориён дар майдони 1,2 га корҳои ободонӣ, аз ҷумла сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худрӯй аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон дар сатҳи баланд баргузор гашт. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов, деҳаи Сайёд амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рўзи ёдоварӣ» бо иштироки аъзоёни фаъоли ҳизб ва сокинони деҳаҳои Сайёд ва Лолазор дар майдони 1,4 га корҳои ободонӣ, аз он ҷумла сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худруй аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон дар сатҳи баланд баргузор гашт.