ВОХӮРИИ СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ БО ВАКИЛИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭШБУРӢ ЭСАНҚУЛОВ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 октябри соли 2022 дар толори қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии сокинону фаъолони ноҳия бо вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эшбури Эсанқулов доир шуд ва ҳамчунин дар ин вохӯрӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳ. ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҳматов Н. баромад намуда, оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз доштанд.

Мавриди зикраст, ки вохӯриҳои сокинони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бо вакилони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахшҳои муҳими Аксияи “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” арзёбӣ мегардад, зеро мардум дар ин вохӯриҳо аз суҳбати бевосита бо шоҳидони воқеии даврони оғози бунёди давлатдорӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими рукнҳои давлати тоза-истиқлоламон огоҳӣ пайдо мекунанд. Зикр гардид, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҳимтарин рӯйдоди даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ гардида, он ба таҳкими сулҳу субот, бунёдгузории давлатдории навини тоҷикон заминаи воқеӣ гузошт ва ҳама пешрафту дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз аз Иҷлосияи тақдирсоз маншаъ мегирад. Дар идомаи вохӯрӣ вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор варзишгарони ҷавони ноҳия, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба шашка, шоҳмот ва тенниси рӯйимизӣ барои ишғоли ҷойи якум сазовор гашта буданд, дипломи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Дар фарҷоми чорабинии мазкур базми консертӣ бо ҳунарнамоии ҳунармандони ҷавони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи омоданамудаи худро пешниҳоди иштирокчиён гардониданд.