Аксияи ҷумҳуриявии “Албом-Эстафета” ба ноҳияи Шаҳритус расид

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз 29-уми октябр “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” аз ноҳияи Қубодиён ба ноҳияи Шаҳритус расид. Дар майдони Исмоили Сомонии ноҳия маросими тантанавӣ бахшида ба оғози «Албом-Эстафета» дар ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид, ки дар он муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус иштирок доштанд. «Албом- Эстафета»-ро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён ба раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус, Шарофзода Ҳомидҷон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус супориданд. Баъд аз қабули "Албом-Эстафета" иштирокчиён аз майдони Исмоили Сомонӣ то ба Қасри фарҳанги ноҳия роҳпаймоӣ намуданд.