МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 октябри соли 2022 бо ташабуси масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар назди бинои Маркази ҷавонони ноҳия, мусобиқаҳои варзиши аз қабили шашка, шоҳмот ва тенниси руйи мизӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи варзиши оиди бозии шашка, барои ишғоли ҷойи якум ба Манонов С. хонандаи МТМУ №3, барои ишғоли ҷойи дуюм ба Ҷўрабекова Ш. хонандаи МТМУ №37, барои ишғоли ҷойи сеюм ба Илмонов С. хонандаи МТМУ №2 ва барои ишғоли ҷойи чорум ба Насрулоева М. хонандаи МТМУ №2 сазовор гардиданд. Дар мусобиқаи варзиши оиди бозии шоҳмот, барои ишғоли ҷойи якум ба Садриддинов Ш. хонандаи МТМУ №2, барои ишғоли ҷойи дуюм ба Гаврис М. хонандаи МТМУ №4, барои ишғоли ҷойи сеюм ба Валиева Ф. хонандаи МТМУ №1 ва барои ишғоли ҷойи чорум ба Қурбонов А. хонандаи МТМУ №4 сазовор гардиданд. Инчунин дар мусобиқаи варзиши оиди бозии тенниси руйи мизӣ, барои ишғоли ҷойи якум ба Юсупов С. хонандаи МТМУ №1, барои ишғоли ҷойи дуюм ба Раҷабалиев Ш. хонандаи МТМУ №2, барои ишғоли ҷойи сеюм ба Давлатова Г. хонандаи МТМУ №37 ва барои ишғоли ҷойи чорум ба Нодиров С. хонандаи МТМУ №2 сазовор дониста шуданд. Дар натиҷаи ҷамбасти мусобиқаҳои варзиши оид ба шашка, шоҳмот ва тенниси руйи мизӣ аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ба хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, барои ишғоли ҷойҳои дуюм, сеюм ва чорум бо ифтихорнома ва туҳфаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус қадрдони карда шуданд. Боиси қайд аст, ки ҷамбасти мусобиқаҳои варзиши оид ба шашка, шоҳмот ва тенниси руйи мизӣ барои ишғоли ҷойи якум санаи 29.10.2022 сол дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳритус дар Конференсияи ҳизбӣ бахшида Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти болои ба ишғолкунандагони ҷойҳои аввал тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад.