ҚУРБОНОВ ШУҲРАТ ГУРЕЗОВИЧ – РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОРИЁНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
санаи 7 ноябри соли 1979 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст.
Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаи пурраро дар мактаби № 8-и ноҳияи Фархор гирифта, соли 1997 ба бахши рӯзонаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил мешавад. Донишгоҳро соли 2002 бо гирифтани диплом ТСИ № 0010593 аз рӯи ихтисоси муаллими риёзӣ хатм менамояд.
Аз соли 2002-юм то соли 2006-ум дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54-и ноҳияи Кӯшониён ҳамчун омӯзгори фанни омодагии дифоъ кор кардааст.
Аз соли 2006-ум то соли 2014-ум дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён ба ҳайси котиб кор кардааст.
Аз моҳи феврали соли 2014-ум то ин замон дар Ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён ба сифати раис идома додааст.