ТОЗА НАМУДАНИ ЗАҲБУР ВА ЗАҲКАШҲО ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ИДБЗ ва обёрӣ” як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Дар сарҳади шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён дар деҳаи “Саричашма” 4,2 км, дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод деҳаи “Меҳнатобод” 2,48 км, деҳаи “Зарнисор” 1,2 км, Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа деҳаи “Сабзавот” 1,25 км, Ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи “Навобод” 4,28 км, Ҷамоати деҳоти Ориён деҳаи “Малик Гиёев” 2,35 км, Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол деҳаи “С.Фатоев” 1,4 км, деҳаи “Ҷ. Румӣ” 1,25 км, деҳаи “Янгиюл” 1,8 км, деҳаи “Бофанда” 1,45 км, Ҷамоати деҳоти Заргар деҳаи “Чорбоғ” 1,5 км, деҳаи “Ғуломсаид Холов” 4,0 км, деҳаи “Чапаев” 2,85 км, Ҷамоати деҳоти Навбаҳор деҳаи “Чорсу” 5,85 км ҳамагӣ 35,86 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд.