Мулоқотҳо бо усули “Хона ба хона” ҷиҳати самаранок истифода намудани замин

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо масъулини ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва рўёнидани ҳосили такрорӣ, ҷалби ҷавонон ба Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули хона ба хона дар деҳаи Озодии Меҳнати Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа роҳандозӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки сокинони ноҳияи Кӯшониён дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвари худ саҳми сазовор мегузорад.