ҲАМКОРИИ СУДМАНД БАРОИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 07.09.2022 меҳмонон, муовини директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Алиакбар Ҳаётзода, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Исфандиёр Сатторов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Саидшо Асроров ба Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварданд.                                                              

Ҳамзамон, меҳмонон вобаста ба ҷашни бузургу тақдирсози миллати тоҷик 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба нозукиҳои соҳаи китобдорӣ ва китобхонашиносӣ ва робитаи баланди муошират бо аъзоён  бо ҳайати  кормандони китобхона вохӯрӣ доир намуданд.
Боиси қайд аст, ки имрӯзҳо зери сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сатҳ ва сифати китобдорӣ дар китобхонаҳо беш аз пеш дида беҳтару хубтар гардида истодааст.                                          

Дар рафти мулоқот фаъолони китобхона вобаста ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромадҳо намуданд.