ИСТИҚБОЛ АЗ “ИСТИҚЛОЛ”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар маркази ноҳия бахшида ба ҷашни бузургу тақдирсози миллати тоҷик 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир намуданд.

Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ноҳия, раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, собиқадорони ҳизб, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷонибдорон ва сокинон баргузор гардид.

Дар сухани табрикотии худ раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин тамоми аъзоёни фаъоли ҳизб, ҷонибдорон ва дар симои онҳо тамоми сокинони ноҳияро бо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд. Чорабинии идонаро аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ бо шеъру сурудҳои ватандӯстона хотирмон намуданд.