ШАРОИТҲОИ ХУБИ ТАҲСИЛ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба соли нави таҳсил ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” омодагии ҳаматарафа дида истодаанд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар баробари таъмиру тармим намудани синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ва варзишгоҳ, ошхонаи муассиса низ бо дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва падару модарон таъмиру таҷдид шуда истодааст.

Муассисаи номбурда ҳаматарафа ба истиқболи соли нави таҳсил омодагӣ гирифта, хонандагонро хуш қабул менамоянд.