ЧИНАКИ АВВАЛИ ПАХТА

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён-и ноҳияи Кӯшониён, мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид. Яке аз аввалинҳо шуда, ташкилоти ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо роҳбарии раиси хоҷагии деҳқонии “Файзалӣ Саидов” Файзуллозода Нусратулло ба чинаки аввали пахта шурӯъ кард. Дар ин маърака раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ бо аъзоёни хоҷагӣ чиниши аввали пахтаро оғоз бахшиданд. Дар аснои чиниши пахта раиси ноҳия муҳтарам Вализода И.С. ба ҳосилу сифатнокии пахта баҳои баланд доданд.