ДАСТИ МАДАД БА НИЁЗМАНДОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба маъюбону барҷомондагон ва ниёзмандон дасти мадад дароз намудан яке аз фазилатҳои хуби инсонӣ ба шумор рафта боиси беҳдошти рӯзгори инсоне мегардад. Ин амали хайрхоҳона рӯз то рӯз аз ҷониби шахсони саховатпеша зиёд ба назар мерасанд.

Имрӯз аз ҳисоби яке аз аъзои фаъоли ҳизб дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи Дӯстии ноҳияи Кӯшониён ба Касирова Нилуфар маводи хӯрока ва як миқдор маблағи пулӣ барои табобат кумак расонида шуд.