МУХОЛИФОНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ БЕҲУДА ҶОҒ МЕЗАНАНД!

Кушониён: Вокуниш  

Кишвари азизи мо дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар фазои тинҷу ором пеш рафтаву рушд меёбад ва мардум аз паи ободию созандагӣ мебошанд. Сол то сол сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтару хубтар гардида, бо заҳматҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳуриамон ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.

Мухолифону бадхоҳони миллат ба монанди Иқболу Кабириву Ҳусейну Шарофиддин ва Салмон ин ҳама ободиву озодӣ, пешравӣ ва сулҳу суботро нодида гирифта, рӯзу шаб дар сиёҳу бадном кардани миллату давлат ҷоғ зада истодаанд. Ин хоинони миллат дар давлатҳои Аврупо пинҳон шуда, худро дилсӯзи миллат нишон медиҳанд ва аз ҳар як ҳодисаву воқеаҳои дохили кишвар беҳудаву баҳуда дахолат карданӣ мешаванд. Ҳол он ки онҳо дигар ҳаққи дахолат кардан ва муҳокима кардан ба ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми кишварро надоранд.

Аз инҳо ба миллати тоҷик ягон фоида намерасаду нарасидааст ва баръакс зарару зиёнашон ба ҷавонони ноогоҳу бетаҷриба расида, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Чандин нафарон аз бетаҷрибагиву ноогоҳӣ тарафдории ин палидонро намуда, ба ҷони худ ҷабр кардаанд. Нафарони бесавод, камшуур, шахсони ба қадри сулҳу субот, озодӣ ва ободкориҳои кишвари маҳбубамон намерасидагӣ ба иғвоҳои ин гуна бадтинатон ва пайравони онҳо бовар мекунанд.

Бинобар ин, падарону модарон ва калонсолонро зарур аст, ки аз кирдорҳои фарзандони худ бохабар бошанд, ҳар қадами мондаи онҳоро назорат созанд ва нагузоранд, ки пайвандони онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хавфнок моил шаванд. Мо бояд ҳушёриро аз даст надода, насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоем ва ҷавононро беназорат нагузорем. Онҳоро огоҳ созем, ки ба иғво ва дасисаҳои бадхоҳони миллат дода нашаванд. Сулҳу ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ҳама сарҷамъона аз паи ободии меҳани маҳбубамон кору фаъолият намоем.

Далер Собиров, Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён