КӮМАК БА ЭҲТИЁҶМАНДОН КОРИ САВОБ АСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи раиси ташкилоти ибтидоии «Маркази минтақавии иҷтимоӣ» Абдуҷаббор Каримов боми хонаи истиқоматии сокини шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кушониён Зокиров Боҳтур шиферпӯш карда шуд.

Ин ташаббуси масъулини ташкилоти ибтидоии «Маркази минтақавии иҷтимоӣ» тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ намудан ба пирону барҷомондагон ва дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем» амалӣ гардид.

Бояд қайд намуд, ки нафари мазкур бо ҳамсараш пиронсолони барҷомонда буда, як писари бемор доранд ва аз тарафи роҳбари ташкилоти мазкур мунтазам ба онҳо ғамхорӣ карда мешавад.