СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ТИБҚИ ТАШАББУСИ НАВИ ҲИЗБИИ «МАКТАБИ МАН»

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 сохтмони 4 адад синфхонаи иловагӣ бо маром идома дорад. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо ташаббуси директори мактаб Ҷалилов Мусо тибқи Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Мактаби ман» ба роҳ монда шуда, дар он 40 ҳазор дона хишти пухта истифода бурда мешавад, ки айни ҳол он дастрас гардидааст.

Ҳамарӯза, аҳолии деҳа бо сарварии директори муассиса ба бардоштани деворҳо машғуланд ва тариқи ҳашари дастаҷамъона дар ин кори хайр саҳм гузошта истодаанд.

Тибқи иттилои директори муассиса, дар сурати пурра маблағгузорӣ гардидан, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз оғози моҳи сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, мушкилоти нарасидани синфхонаҳо дар муассиса бартараф карда мешавад.