МАЪМУРИЯТ ВА ОМӮЗГОРОН ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСА САҲМИ БОСАЗО ДОРАНД!

Кушониён: Ҳисобот  

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Кушониён таъмири дохили синфхона ва роҳравҳо бо суръат ҷараён дорад. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар ин кор пешсаф буда, маъмурият ва коллективи омӯзгорону кормандони техникии муассисаи таълимии мазкур таъмири ҷории синфхонаҳоро идома дода истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки ин корҳо дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” ба ҳисоб рафта, бо кӯмаку маблағгузориҳои Кумитаи падару модарон ба роҳ монда шудааст. Директори муассиса Назаров Наврӯз яке аз фаъолони ҲХДТ дар ноҳия буда, дар ободонии муассиса саҳми босазо дорад.