АКСИЯИ ҲИЗБИИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар оромгоҳи деҳаи Афзалии ҷамоати шаҳраки Бохтариён бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва Бахши дин ва танзими анъанаи ҷамоати шаҳраки Бохтариён аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" ташкил карда шуд.

Дар чорабинии мазкур сокинони деҳа ҷиҳати тозаю озода кардани оромгоҳ аз хасу алафҳои худрӯй, тоза намудани шоху панҷаҳои зиёдатии дарахтон ба ҳашари дастаҷамъӣ баромаданд. Ҳашарҳои дастаҷамъӣ таҳти унвони "Рӯзи ёдоварӣ" дар тамоми маҳаллаю деҳаҳои ҷамоат бо маром идома дорад.