АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ” ДАР АМАЛ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони деҳаи Орзуи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кушониён ҳама сарҷамъу муттаҳидона аз як гиребон сар бароварда, тариқи ҳашари дастаҷамъона ба воситаи насоси обкашӣ ва хобонидани қубурҳо аз масофаи зиёда аз 950 метр ба деҳа оби нӯшокӣ оварданд. 

Амали мазкур тибқи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” роҳандозӣ гардида, мушкилии сокинони деҳаро, ки беш аз 180 хоҷагӣ мебошанд, баҳри дастрасӣ ба оби нӯшокӣ бартараф намуд.