ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ШУКУФОИИ ВАТАН!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ ҳамасола, давоми моҳи июн чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад. Ин санаи мубораку хотирмон-27-июни соли 1997 ба сулҳу ваҳдат, якпорчагии кишвар ва сарҷамъиву муттаҳидии мардуми тоҷик ва гулгулшукуфии ин сарзамин заминаи воқеӣ гузошт.

Бо ибтикори масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Кушониён бахшида ба «25-солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ» Конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Ҳасан Ғуломов иштирок намуд.

Маърузачиён аз ҳисоби директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия доир ба паҳлуҳои ин Ҷашни таърихӣ баромад намуданд.

Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар фароварди конференсия бо пешниҳоди қироати шеъру сароидани сурудҳо хотири иштирокдоронро болида гардониданд.