ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - БАҚОИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷашни Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои муҳими миллиест, ки ба сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар замина гузошта, бад ин васила давлати ба тозагӣ соҳибистиқлол гардидаи Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ нигоҳ дошт ва мардуми сулҳдӯсту тамаддунофари тоҷикро сарҷамъу муттаҳид сохт.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён бахшида ба «25-солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ» дар «Панҷшанбебозор»-и ноҳия аксияи ҳизбӣ доир карда, миёни савдогарону харидорон доир ба ин санаи тақдирсози таърихии миллат корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, маводҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва иттилоотӣ тақсим намуданд.