ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН САМАРАИ ХУБ МЕДИҲАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боғпарварӣ яке аз манбаҳои сердаромад дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Хоҷагии деҳқонии Зайниддин дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушонин воқеъ буда, аъзоёнаш ба боғкорӣ машғуланд. Деҳқонони хоҷагии мазкур дар масоҳати 2,5 га замин дарахтони мевадиҳандаи себ, зардолу, анор, бодом, нок ва шафтолу шинонидаанд, ки айни замон дарахтон нашъунамои хуб доранд.

Тавре, ки ба муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Саидшо Асроров иттилло доданд, баҳри хушк намудани зардолу аз ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мутахассиси ин соҳаро даъват намуда, дар асоси нишондодҳо ба хушконидан ва ғулинг намудани зардолуҳо оғоз намудаанд.

Дар хоҷагии деҳқонии Зайниддин вобаста ба дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, заминҳои зери дарахтон оқилона истифода бурда мешаванд.