ЗАМИНҲОИ НАЗДИМАКТАБӢ БОМАҚСАДОНА ИСТИФОДА БУРДА МЕШАВАД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Маъмурияти муассисасаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён заминҳои наздимактабиро самаранок истифода мебаранд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён аз ин муассиса дидан намуда, вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи дурусти ватандорию ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли зист ба маъмурияти муассиса таъкидҳо карда шуд.