ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони деҳаи Қаҳрамони ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода мебаранд.

Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоати деҳоти Ориён бо усули хона ба хона вохӯриҳо ташкил намуда, вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи дурусти ватандорию ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли зист ба аҳолӣ маслиҳатҳои муфид доданд.